ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Ин ширкат бо нашри як иттилоия эълон кард, ки бинобар зиёд гардидани сангрезӣ ва лағжиши куҳпораҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 20:00-и имрӯз то соати 05:00-и 25-уми апрел масдуд мешавад.
IRS таъкид кард, ки басташавии роҳ аз ҳар ду ҷониб сурат гирифта, он бо мақомоти Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Ширкати роҳбон ҳадафи ин тасмимро таъмини амният хондааст.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз дар пайи селфароӣ дар ноҳияи Файзобод ду нафар ба ҳалокат расиданд.
Ахиран Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳавои номусоид дар кишвар то охири моҳи равон боқӣ хоҳад монд.
Ожонси обуҳавошиносӣ таъкид кард, ки шаби 24 ба 25 апрел дар натиҷаи боридани боронҳои шиддатнок якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу Хингоб, Кофарниҳон ва Варзоб аз эҳтимол дур нест. Инчунин ба иттилои манбаъ, дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари фаромадани сел ва ярч дар назар дошта шудааст.