Расулзода аз рафти навсозии роҳи Душанбе-Бохтар дидан кард

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди татбиқи лоиҳа, роҳи Душанбе-Бохтар аз категорияи “III”-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида ва бо паҳнои 16-25 метр сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Имрӯз сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти татбиқи лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Душанбе—Бохтар дидан карда, дар ноҳияи Хуросон як зумра  иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи Расулзода: дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор мешавад

Манбаъ афзудааст, ки навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар айни замон дар ду марҳила идома дорад. Марҳилаи аввал 33,2 километр ва марҳилаи дуюм бошад 39,6 километрро дар бар гирифта, баъди татбиқи лоиҳа, роҳ аз категорияи “III”-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Мутаасифона дар татбиқи лоиҳаи сохтмону навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба сохтмончиён муйясар нагардидааст, ки нақшаи пешбинишударо иҷро кунанд.

Дар робита ба ин, Сарвазири мамлакат аз масъулин талаб намуданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин иншооти муҳим тезонанд. Зеро бо идома ёфтани чунин ҳолат наметавон шоҳроҳи мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода макони ҷашни 28-солагии Истиқлолият бо ҳузури Президентро гуфт

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сутунпояи Парчам, Нишони давлатӣ ва бинои Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 метр буда,  он  паҳноӣ 7 метр паҳноӣ  ва 14 метр дарозӣ дорад.

Баландии нишони давлатӣ  24 метрро ташкил медиҳад.

Гирду атрофи рамзҳои давлатӣ ободу зебо  гардонида шуда, ба як макони зебову замонавӣ барои сайру гашт  ва фароғати сокинону меҳмонони ноҳияи Хуросон табдил ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0