Мулоқоти Муҳриддин бо Ноиби Президент ва вазири саноат ва технологияи Туркия

© МИД РТСироҷиддин Муҳриддин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай мулоқот кард
Сироҷиддин Муҳриддин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар доираи сафари расмиаш ба Туркия бо Ноиби Президенти Туркия Фуат Октай ва бо Вазири саноат ва технологияи Туркия дурнамои ҳамкориро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik.  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафараш ба Туркия бо Ноиби Президенти Туркия Фуат Октай дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.,

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар робита ба масъалаҳои вобаста ба раванди муносибат ва ҳамкориҳо табодули назар карданд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркия: Муҳриддин ба Чавушоғлу чӣ пешниҳод кард?

“Ҷонибҳо аз мавҷудияти имкониятҳои фаровон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, омодагии ҷонибҳоро барои расидан ба ҳадафҳои муштараки рушд таъкид намуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмиаш ба Туркия рӯзи 23 апрели соли равон бо Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк - ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот намуд.

Тарафҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин тақвияти заминаҳои ҳуқуқии  ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар баробари ин, тарафҳо дар робита ба мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми ду кишвар ва имконияти танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0