Дар Исфара қочоқи 1298 ҷуфт пойафзол аз Қирғизистон ошкор шуд

© Pixabay / CouleurКроссовки, архивное фото
Кроссовки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати гумонбарон бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Дар Исфара қочоқи 1298 ҷуфт пойафзол аз Қирғизистон ошкор шуд, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 3 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қирғизистон миқдори зиёди пойафзолро ғайриқонуни вориди Тоҷикистон кардаанд.

Гуфта мешавад, 19 феврал зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд қонуншикании мазкур муайян карда шуд.

"Шаҳрвандон Неъматуллоев Сайфулоҷон, Содиқов Хуршед ва Қурбонов Исматило Нусратилоевич сокинони деҳаи Кулканди ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара 1298 ҷуфт пойафзолҳои варзишӣ, ки арзиши онҳо 169055 сомониро ташкил медиҳад, бидуни ба расмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Номбурдаҳо бо мақсади минбаъд ба муомилот баровардан онҳоро дар анбори шахсии шаҳрванд Ҳамзаев М., ки дар маҳаллаи Ғӯзлони ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара ҷойгир аст, нигоҳ доштаанд. 

Ожонс менависад, нисбати ин ҳолат санаи 20 феврали соли 2019 нисбати Неъматуллоев С.Р., Содиқов Х.М. ва Қурбонов И.Н. бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0