ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Муноқишаи навбатӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз тарафи марзбонон хомӯш карда шудааст, иттилоъ додааст РИА Новости дар истинод ба маркази матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи душанбе шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати Ворух писарбачаи 9-солаи қирғизро, ки шишаи экскватори ӯро зада шикаста буд, боздошт карда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Шаҳрванди Тоҷикистон рудхонаи дарёро тоза мекардааст дар ин ҳол писарбачаи қирғиз омада шишаи экскватори ӯро зада шикастааст. Баъди дастгир кардану ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурдани ӯ аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, 50-60 қирғиз аз деҳаи Оқсой бо ҷамъ шуда муноқиша бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол кормандони ҳифзи ҳуқуқи тоҷик писарбачаи қирғизро ба зудӣ ба қирғизҳо супурдаанд, бо ин ҳам қирғизҳо он ҷоро тарк накарда, муноқиша кардаанд. Танҳо марзбонони ҳарду ҷониб тавонистаанд муноқишаро хомӯш кунанд.
“Бо мақсади идора кардани вазъ дар марзи ҳарду кишвар дар ҳамин рӯз намояндагони марзбонии Қирғизистон дар ҳудуди Ботканд ва намояндагони марзбонии Тоҷикистон оид ба ноҳияи Исфара мулоқот барпо намуданд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии хадамоти сарҳадии Қирғизистон.
Ғайр аз ин роҳбарони хадамоти марзбонии ҳарду кишвар дар суҳбати телефонӣ, зарурияти риоя кардани бандҳои созишномаҳои пештар ба имзо расидпро, таъкид намуданд.