ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Зимни сафар Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон ва аъзои ҳайат, дар кори ҷаласахои маркази иттилоотию ҳуқуқӣ, комиссияҳои доимоамалкунандаи СААД, комиссияҳои доимоамалкунандаи Ассамблеяи Байнипарламентӣ, 49-умин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи мазкур ва конференсия доир ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Парлумони Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласаҳои зикршуда, аз ҷониби намояндагони ҳайатҳои парламентии кишварҳои ҳамсуд як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ (моделӣ), ҳамзамон тавсияҳо барои ҳаммонандкунонии қонунгузории давлатҳои ИДМ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Манбаъ қайд намудааст, ки пас аз танафуси чандинсола дар кори ҷаласаҳо, ҳайатҳои парлумонии Узбакистон ва Туркманистон низ ширкати намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров эълон намуд, ки муносибатҳои байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ дар самти пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи терроризм тақвият дод шаванд.
“Дар рафти баррасии масъалаҳои 49-умин ҷаласаи як зумра қонунҳои моделӣ қабул карда шуданд, ки аз ҷониби раиси Комиссияи доимоамалкунандаи Асамблеяи мазкур-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ ба саҳми иштирокчиён пешниҳод гардид”, таъкид намудааст манбаъ.
Дар фарҷоми ҷаласаи, бархе аз намояндагони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ бо мукофотҳои фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ИДМ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур нақшаҳо барои фаъолияти минбаъдаи Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ИДМ барои солҳои 2019-2020 дар самти қонунгузорӣ муайян карда шуданд.