ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Душанбе дар натиҷаи шамоли сахт дарахте болои мошин афтидаааст, ки мусофири дар дохил буда ба ҳалокат расидааст, дар ин бора ба РИА Новости иттилоъ додааст масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Умеда Юсуфӣ.
“Дар ҳудудуи Душанбе аз сабаби шамоли сахт болои мошини навъи Daewoo Tico (Тико) дарахт афтидааст. Дар натиҷа мусофири дохили мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронанда бошад ҷароҳат бардоштааст”, - тасдиқ кардааст Умеда Юсуфӣ.
Чанде пеш маълум гашта буд, ки қурбони як ҳолати фавқулодаи дигар сокини 16-солаи деҳаи Баҳористон дар Турсунзода гашта буд.
Ҷавон чорво мечаронидааст ва хостааст чорвоҳояшро аз селе, ки баъди борони зиёд омада буд гузаронад, аммо худ дар боқимондаи сел ғутида ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро баъди якчанд соат пайдо карда буданд.
Борону шамолҳои сахт тайи як ҳафта гузашта, мардуми гушаю канори Тоҷикистонро ба мушкилиҳои гуногун дучор карда буданд. Ба гуфтаи котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар кишвар хатари селу тарма ва сангфароӣ то ҳол вуҷуд дорад.