Алсу иҷоза дод, духтараш хити овозхони ҷавонмарг- Юлия Началоваро сарояд-видео

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкПевица Юлия Началова, архивное фото
Певица Юлия Началова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Микелла Абрамоваи даҳсола дар озмуни «Голос. Дети» хити овозхони ҷавонмарг Юлия Началова «Герой не моего романа»-ро сароид

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Духтари овозхони машҳури русиягӣ Алсу-Микелла Абрамоваи даҳсола дар озмуни «Голос. Дети» суруди Юлия Началова «Герой не моего романа»-ро сароид.

Дар даври иловагӣ духтари Алсу ин сурудро иҷро кард ва тамошобинон ба эҳсосот дода шуда, ӯро ба даври ниҳоӣ роҳ доданд.

Аксари корбарони интернет аз интихоби ин суруд нороҳат шуда, навиштаанд, ки волидони Микелла аз фоҷиаи Юлия истифода карданд. 

Вале бархе аз намояндагони шоу-бизнеси Русия мегӯянд, ки интихоби ин суруд аз ҷониби хонаводаи Алсу нишонаи эҳтироми онҳо нисбати овозхони ҷавонмарг Юлия Началова мебошад.

Овозхони машҳури Русия Юлия Началова рӯзи 16 апрели соли 2019 дар 39-солагӣ даргузашт. Началова 31 январи соли  1981 дар Воронеж ба дунё омадааст.

Лентаи хабарҳо
0