Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо президенти Шри Ланка

© © Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле
Шавкат Мирзиёев выступил на саммите в Иссык-Куле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Шри Ланка дар паи таркишҳои пай дар пай 185 кас ҳалок ва 500 тан захмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Шри Ланка Майтрипала Сирисена изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Узбакистон хабар медиҳад.

 "Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар робита бо марги садҳо шаҳрвандони Шри Ланка дар паи таркишҳои пай дар пай, бо президенти ин кишар, Майтрипала Сирисена, ҳамдардӣ кард",-омадааст дар хабарнома.

Дар тӯли шаш соати ахир дар қаламрави Шри Ланка ҳашт таркиш рух дод. Амалҳои теруристӣ дар остонаи ҷашни Пасха роҳандозӣ шуд. 

Таркишҳо дар чанд калисо ва се меҳмонхона ба вуқӯъ пайвастанд.

Бино ба маълумоти охир дар паи таркишҳо тақрибан 185 кас ҳалок ва беш аз 500 тан захмӣ шудааст.

Эҳтимол меравад, ки таркишҳо аз ҷониби ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) содир шуда бошад. То ҳол ягон гурӯҳи тундрав ҷавобгарии таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0