Навор аз ҷое сар мешавад, ки саг дар рӯи замин дароз кашидаасту дар бараш мурғобӣ истодааст.
Пас аз чанд лаҳза, дасти соҳибаш бо хоҳиши силаи сари саг наздик мешавад.
Вале кор ранги дигар мегирад. Ҳар замоне, ки соҳибаш мехоҳад сагашро навозиш кунад, мурғобӣ аз ин сӯ дасти соҳибашро нӯл мезанад.
"Ау"-дод мегӯяд соҳибаш.
Вале соҳиби саг ҳам ба умед аст. Ӯ панҷ бор дасташро ба умеди сила кардани сари сагаш дароз мекунад, вале танҳо як маротиба муваффақ мешавад.
Видеои ба ҳамин монандро зане нашр кардааст.