ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо роҳбари Раёсати робитаҳо бо Уупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Вазорати иқтисод ва энергияи Олмон Андреас Нойманн мулоқот кард.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин суҳбат барои ҷалби зарфиятҳои Олмон ба раванди саноатикунонии иқтисоди Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
"Ҷалби технологияҳои муосири олмонӣ барои коркард ва нигоҳдории сабзавоту мева, коркарди пахта ва алюминий, ҳамчунин ташкили ҳамоишҳои муштараки доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт",-омадааст дар хабарнома.
Сафири Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои мутахассисони ду кишвар дар самти арзёбии иқтисодии маъданҳои куҳӣ ибрози қаноатмандӣ кардааст.
"Бо дарназардошти кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ сафир даъват кард, ки ба Тоҷикистон дар беҳтарсозии шароити озмоишгоҳҳои метрологӣ, пажӯҳишгоҳҳои кишвар ва такмили ихтисоси кормандони соҳа мусоидат сурат гирад".
Аз иқтисод то муҳити зист: сафири Тоҷикистон дар Олмон бо вакилони Бундестаг мулоқот кард