Интиқоли маҷруҳони садамаи 20 апрел ба Ватан

© © SPUTNIK / КСЕНИЯ ВОРОНИНАКрупная авария произошла на пересечении улицы Улы Дала и проспекта Кабанбай батыра в Нур-Султане
Крупная авария произошла на пересечении улицы Улы Дала и проспекта Кабанбай батыра в Нур-Султане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, 9 шаҳрванди ин кишвар, ки дар садамаи мудҳиши 20 апрел дар Қазоқистон осеб диданд, ба ватан интиқол дода шуданд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, 8 мард ва 1 зани осебдида ба Узбакистон оварда шуда, як нафари дигар бинобар мураккаб будани вазъаш ҳанӯз дар бемористони Тароз боқӣ мемонад.

пас аз сарозер шудани худрав дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар Суғд: сарозер шудани мошин ба чуқурии 200 метра

Ҷасади се шаҳрванди ҳалокшуда ба иттилои мақомоти Узбакистон баъди анҷоми расмиёт ба Ватан оварда мешавад.

Садамаи мудҳиш 20 апрел дар шоҳроҳи Алмаато-Тошканд рух дода, дар натиҷа 11 кас ҷон бохту 29 нафари дигар захмӣ шуд.

Нурдилда Ораз, сухангӯи ВУД Қазоқистон тавзеҳ додааст, ки садама 181 километр дуртар аз Алмаато ба вуқӯъ пайваст.

Худрави тамғаи Toyota Camry бо мошини боркаш, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрдаааст. Автобуси мусофиркаш бо кӯшиши ба садама дучор нашудан, чаппа шудааст.

"Дар натиҷаи ҳодисаи фоҷиабор, садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Кордайск 11 кас ҳалок ва 29 нафар захмӣ шуда дар бемористон қарор доранд. Аз ҷониби ҳокимияти вилоят гурӯҳи вижае ташкил шудааст, ки ба зангҳои телефонӣ мустақиман посух мегӯяд",-изҳор дошт Ораз.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки миёни ҳалокшудагон  3  шаҳрванди Узбакистон  ва 7  шаҳрванди Қазоқистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0