Фаврӣ: пешсафии дубораи Зеленский дар интихоботи президентии Украина

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкДебаты кандидатов в президенты Украины
Дебаты кандидатов в президенты Украины - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Зеленский номзад ба президенти Украина дар манотиқи ғарбӣ, шарқӣ ва марказии кишвар пешсаф аст

ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Ҳунарманд ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский дар даври дуюми интихоботи президентии Украина ҳам пешсаф аст. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба гузориши exit poll хабар медиҳад.

Тибқи гузориш то соати 12:00, натиҷаи интихобот чунин аст: ба тарафдории Зеленский 71,8 дарсад ва ба ҷонибдории Петр Порошенко 28,2 дарсади аҳолӣ овоз додааст.

Ҳамин тавр, Зеленский дар шарқи кишвар 88,8% ва президенти кунунии кишвар 11,2% овозҳоро гирифтааст.

Дар манотиқи марказии Украина ба ҷонибдории Зеленский - 72,9%, ба тарафдории  Порошенко - 27,1% овоз додаанд. 

Президентские выборы на Украине - Sputnik Тоҷикистон
Оғози даври дуюми интихоботи президентӣ дар Украина

Дар қисмати ғарбии кишвар бошад, натиҷаи овоздиҳӣ тақрибан баробар аст. Зеленский - 55,6%, Порошенко - 44,4%.

Ба иттилои манбаъ, аҳолӣ дар даври дуюми интихобот дар қиёс бо даври аввал фаъолтар мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳавзаҳои интихоботӣ имрӯз, якшанбе, 21 апрел барои овоздиҳӣ боз шуданд. Даври дуюми интихобот аз соати 08:00 то 20:00 идома хоҳад кард.

Чаҳор Порошенко ва як Владимир Зеленский дар Қирғизистон ба сар мебаранд

Барои бори аввал дар интихоботи президентии Украина нозирон аз Русия ширкат намекунанд. Маскав бар ин аст, ки иҷоза надодани нозирони ин кишвар ба Киев, қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа мегузорад.

Ҳамчунин ба далели дар ҳудуди Русия ва Донбасс баргузор нашудани интихобот аз 7 то 10 миллион мардум аз овоздиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.

Лентаи хабарҳо
0