Раҳимзода ба донишомӯзони Леваканд кумакпулӣ тақдим кард

Вохӯрии роҳбарияти ВКД бо ҷавонони фаъоли шаҳри Леваканд
Вохӯрии роҳбарияти ВКД бо ҷавонони фаъоли шаҳри Леваканд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузории ҷамъомад, пешгирии қонуншиканӣ дар байни наврасону ҷавонон, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъоли муҳассилин дар дарсҳо мебошад.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Леваканд вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон бо хонандагони макотиб ва ҷавонони фаъол доир гардид. Дар ин бора равобити умумии ВУД хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ҷамъомад, пешгирии қонуншиканӣ дар байни наврасону ҷавонон, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъоли муҳассилин дар дарсҳо мебошад.

"Яке аз масоили асосӣ ва доғи рӯз, ин пеш аз ҳама дуруст ба роҳ мондани сатҳи таълиму тарбия ва назорати доимии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна мебошад. Дар баробари таълиму донишомӯзӣ, ҳамчунин масъулияти падару модар нисбати тарбияи фарзанд низ бояд аз мадди назар дур набошад",-қайд шудааст дар ҷамъомад.

Рамазон Раҳимзода дар Норак - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ба Норак рафт

Ситоиши Раҳимзода аз шароити хизматчиёни Қушунҳои дохилӣ ва супориш ба масъулин-акс

Вазир қайд кардааст, ки вазифаи аҳли ҷомеа баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ аст.

Манбаъ афзуда, ки дар ин вохӯрӣ ба як қатор иштирокчиёни ҷамъомад аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакпулӣ тақдим карда шуд.

Тақдими медал аз номи Раҳимзода ба Хайрандеш ва Ҷумъахон Сафаров

Лентаи хабарҳо
0