Нигаронии Раҳмон аз ҷавонони хизматгурез: рафтори ҷавонмардӣ нест

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикон хоҳиш кард, ки ба муҳоҷирони ҷавони хизматгурез қарзи коститутсионии ҳар ҷавонмард будани хизматро фаҳмонанд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз хизматгурезии бархе аз ҷавонони тоҷик, ки ҳангоми расидан ба синни хизмати ҳарбӣ бо ҳар роҳ Тоҷикистонро тарк мекунанд, изҳори нигаронӣ кард.

Президент ҳангоми мулоқот бо намояндагони тоҷикон дар  Маскав 16 апрел гуфт, ки ин ҷавонон бо роҳҳои гуногун Тоҷикистонро тарк мекунанд. Аз ҷумла қисме аз онҳо ба Русия мераванд.

"Ҳастанд ҷавононе, ки ҳангоми расидан ба синни хизмати ҳарбӣ бо роҳҳои гуногун Тоҷикистонро тарк карда, аз ҷумла ба Руcия мераванд", - нигарон шудааст Раҳмон .

"Шумо бояд ба чунин ҷавонон фаҳмонед, ки хизмат ба Ватан-модар уҳдадории конститутсионии ҳар як шаҳрванд ва мактаби мардонагӣ буда, аз адои хизмат ба сарзамини аҷдодӣ саркашӣ кардан рафтори ҷавонмард нест", - муроҷиат намудааст вай ба роҳбарони диаспораҳо.

Визит президента Таджикистана в Китай - Sputnik Тоҷикистон
Си Ҷин Пин даъват кард: Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад

Ҳамчунин кишвардор ба муҳоҷирон насиҳат кардааст, ки падару модар ва зану фарзандони худро, ки дар Тоҷикистон гузоштаанд, фаромӯш накунанд.

Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар натиҷаи ин сафар 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0