ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар садамаи мудҳиш, ки дар Қазоқистон ба вуқӯъ пайвастааст, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам захмӣ шудаанд. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба КҲФ ин кишвар, хабар медиҳад.
"Дар миёни захмишудагон, дар паи садамаи нақлиётӣ шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ҳам ҳастанд",-омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки 11 кас дар паи ин ҳодиса ҳалок шудаанд ва ҳамаи онҳо шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.
Садамаи нақлиётӣ субҳи рӯзи шанбе дар шоҳроҳи Алмаато-Тошканд рух додааст.
Худрави тамғаи Toyota Camry бо мошини боркаш дар канори роҳ бархӯрдаааст. Автобуси мусофиркаш бо кӯшиши ба садама дучор нашудан, чаппа шудааст.