ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев бо муовини аввали сарвазири кишвар, Алихон Смоилов дидору мулоқот кард. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба ҳукумати кишвар хабар медиҳад.
Раҳбари Вазорати молия ба раисҷумҳур дар бораи қарзи давлатии Қазоқистон, ҳаҷми буҷаи давлатӣ, кори ин ниҳод дар минтақаҳо ва навгониҳои рақамӣ дар Вазорат ва алоқамандии он бо дигар вазоратҳо гузориш дод.
Дар дидор бо Смоилов раисҷумҳури Қазоқистон харҷи камтари буҷаи давлатӣ ва даромади бештар ба буҷаро махсусан таъкид кардааст.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳамчунин қарор дар бораи зиёд кардани маоши кормандони буҷавӣ аз 1 июнро, рӯзи 15 апрел имзо кард.
Дастури раисҷумҳур барои зиёд кардани маош
Қосим Ҷомарт Тоқаев инчунин масъалаи баланд бардоштани самаранокии идоракунии гумрукӣ ва андозро таъкид кардааст.
Дар оғози ҳафта, Кумитаи давлатии андоз дар бораи ҷорӣ намудани имтиёзҳои иловагӣ барои ҳавасмандгардонии намояндагони соҳибкории хурд ва рақамисозии ин соҳа, хабар дод.
Дар анҷоми ин дидор раисҷумҳур ба вазири молия дастуру супоришҳои мушаххас додааст.