Раисҷумҳур рамзи озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман"-ро тасдиқ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмуни ҷумҳуриявӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон миёни оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён эълон шуда, барандаҳои он аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман"- ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тюльпаны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбасти озмун: шумораи лола ва гулшинонҳои фаъоли Душанбе маълум шуданд

Дар ин намуна ҳадафҳои озмун, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар тасвири манзараҳои кӯҳии кишвар, рангҳои парчам, ҳафт ситора, асбобҳо ва рамзҳои мусиқӣ, пари қалам ифода ёфтаанд.

"Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ҳангоми баргузории чорабинӣ аз рамзи озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" васеъ истифода намоянд", - менависад манбаъ.

Пештар дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат хоҳишмандонро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" даъват кард.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРахмон утвердил символ конкурса "Таджикистан - моя родина"
Раисҷумҳур рамзи озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон - Ватани азизи ман-ро тасдиқ кард - Sputnik Тоҷикистон
Рахмон утвердил символ конкурса "Таджикистан - моя родина"

Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.
Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум - 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм - 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0