Шаҳрдории Душанбе барои ҳавасмандгардонии пизишкон 34 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

CC0 / Pixabay / Врач стоматолог
Врач стоматолог - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳр ҷамъбаст ва ғолибони озмун муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои ҳавасмандгардонии пизишкон 34 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора дар қарори раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ гуфта мешавад.

Тибқи санад, дар Душанбе озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳр ҷамъбаст ва ғолибони озмун муайян шуданд.

Дар он "Беморхонаи сол", "Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол", "Табиби сол", "Табиби оилавии сол", "Корманди миёнаи тибби сол" муайян карда шудаанд.

Тибқи банди дувуми қарори раиси шаҳр Сарраёсати молияи пойтахт ӯҳдадор шудааст, ки барои сарфароз гардонидани ғолибон 34 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.

Қарори раиси шаҳр барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шуда, мукофотҳо дар фазои тантанавӣ супорида хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0