Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои дохилкунии довталаб 1600 доллар гирифт

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устоди донишгоҳ ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ӯ аз як шаҳрванд барои дохил кардан ба донишкада 1600 доллар талаб карда, гирифтааст

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Тавре Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кишвар устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Алиҷон Набиев, ки омӯзгори тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур будааст, ба истифода аз мақоми хизматӣ даст ба қаллобӣ задааст.

"Устоди донишгоҳ ба боварии шаҳрванд Мамуров Р.Г. даромада аз охирин барои ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил намудани ҷиянаш Салимов Ҷ. ва минбаъда ба ДДХ интиқол додани охирин, дар давраи моҳҳои феврал ва марти соли 2019 маблағи 1600 доллари ИМА талаб карда гирифтааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Денежные купюры и монеты разных стран, доллар - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" ҳангоми гирифтани 1500 доллар "пора" дастгир шуд

Гуфта мешавад, нисбати Набиҷонов А.М. бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Қаблан  директори мактаби  №10, ноҳияи Восеъро баро фурӯхтани  шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дастгир карда буданд.

Давлатова Ҷамиламо Муминовна, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ноҳияи Восеъ, санаи 22 ноябри соли гузашта аз шаҳрванд Набиева Моҳинав Ҷабборовна барои ба номи Набиева Муборак Неъматовна бидуни хатми муассиса тайёр карда додани шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сифати пора 500 доллар талаб карда гирифт.

Номбурда боз такроран бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2018 аз шаҳрванд Самиева Саёҳат маблағи 400 доллар ва моҳи декабри соли 2018 аз шаҳрванд Саидова Мунавара маблағи 4500 сомонӣ ба сифати пора гирифта, ба номбурдагон шаҳодатномаҳои қалбакии хатми мактабро тайёр карда додааст.

Нисбати мудири мактаб бо моддаҳои 319 қисми 4 банди "а" ва 323 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Лентаи хабарҳо
0