ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Чор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як кӯдаки 7-сола дар Қазоқистон аз заҳри картошкаи пӯсида кушта шудаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар медиҳанд.
Ҳодиса 18 апрел, тақрибан соатҳои 19 дар ноҳияи Ҷаркаини вилояти Ақмолаи ҷумҳурӣ дар манзиле дар кӯчаи Мир рух додааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин манзил солҳои зиёд ба кишоварзӣ машғул мешудаанд ва тирамаҳ дар таҳхонае барои худ сабзавот ҷамъ меовардаанд.
"Эҳтимол, рӯзи гузашта онҳо хостаанд, ки таҳхонаро кушоянд. Дар аввал яке аз онҳо ба чоҳ фаромада, набаромадааст, сипас дувумин ва пасон севумину чорумин... Кормандони КҲФ Қазоқистон ҳамаи шаҳрвандонро аз чоҳ пайдо карданд", - менависанд манобеъ.
Бино бар иттилои пешакӣ, эҳтимол шаҳрвандон аз заҳри сабзавоти пӯсида заҳролуд шудаанд. Се нафар дар ҷои ҳодиса ва чорумин ҳангоми баровардан ҷон додаанд.
Ҳалокшудагон мардони соли таваллудашон 1971, 1975, 1983 ва як навраси соли таваллудаш 2002 буданд. Яке аз коргарон дар Қазоқистон ҳамсар доштааст, ки ду кӯдакаш ятим монданд.
Феълан масъалаи интиқоли тобути шаҳрвнадон ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.