ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Варзишгари номии тоҷик Беҳрӯз Хоҷазодаро аз ҳаққи иштирок дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё маҳрум карданд. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чемпионати дзюдои Осиё 20-23 апрел дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, Федератсияи байналмилалии дзюдо бо ирсоли як номаи расмӣ ба Тоҷикистон огоҳ кардааст, ки ду варзишгари тоҷик - Беҳрӯз Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов ба мӯҳлати ду моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо маҳрум гардидаанд.
"Мутобиқи моддаи 4.1-и дастурамали "Қоидаҳои варзишӣ ва ташкилӣ"-и ФБД, ки моҳи октябри соли 2018 тасдиқ гардидааст, варзишгароне, ки дар базаи ФБД ба қайд гирифта шудаанд, бе мувофиқа ва иҷозати Федератсияи байналмилалӣ имкони иштирок дар мусобиқаҳои намудҳои дигари якҳарбаро надоранд", - тавзеҳ медиҳад кумита.
Аммо варзишгарони тоҷик моҳи ноябри соли 2018 бе мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии ҷудо дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон иштирок кардаанд.
Дар сурати такрор шудани қоидавайронкунӣ муҳлати ҷазо 2 солро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо моҳи ноябри соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов дар вазни -62кг ҷои аввал ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74кг ҷои сеюмро ишғол карданд.
Акнун варзишгарони номбурда аз 18 апрел то 18 июн дар мусобиқаҳои дзюдо иштирок карда наметавонанд. Беҳрӯз Хоҷазода, ки дар раддабандии олимпӣ феълан дар ҷои 23-юм қарор дорад, дар ин муҳлат дар се мусобиқаи муҳим – Чемпионати Осиё-2019 (20-23 апрел), Гранд Слами Боку (10-12 май) ва Гран Прии Ҳоҳҳот (24-26 май) наметавонад иштирок кунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар барои иштирок дар Чемпионати Осиё ба шаҳри Фуҷайраи АМА сафар кард. Ҷумҳурии моро Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (дар вазни -66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.