Душанбе дар моҳи октябри соли 1924, вақте Ҷумҳурии Шӯравии мардумии Бухоро барҳам хӯрда, Ҷумҳурии ҳанӯз мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфт, ба ҳайси пойтахти Тоҷикистони навбунёд пазируфта шуд. Раҳбарии шаҳри Душанберо аз соли 1996 то соли 2017 Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дошт. Аз соли 2017 Рустам Эмомалӣ раиси пойтахт аст.
Таърихи Душанберо аз асрҳои миёна ба ин сӯ ҳисоб мекунанд. Бозёфтҳои археологӣ дар ҳудуди Душанбе ҳокист, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар ин қаламрав ҳанӯз дар асри 3 ё 4 то милод, яъне дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастаӣ кардааст. Нахустин бор исми рустои Душанбе дар маъхазҳои катбии таърихӣ дар соли 1676 зикр шудааст.
Дар он маъхаз гуфта мешуд, ки Душанбе дар як чорроҳаи бузурги корвонгузар бино шуда, ҳар рӯзи душанбе дар қаламраваш бозор баргузор мешуд ва ба ҳамин далел ин номро гирифтааст. Душанбе дар он аҳд рустое иборат аз 500 ҳавлӣ ва тақирбан 8000 аҳолӣ будааст. Дар як маъхази соли 1826 исми ин минтақа ҳамчун Душанбе-Қӯрғон зикр шудааст.
Бори аввал исми Душанбе дар харита соли 1875 роҳ ёфтааст. Дар он давр ин шаҳр қалъае дар болои соҳили рӯди Душанбе бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд. Маҳаллаҳои шаҳр бар асоси касбу қавми сокинонаш тақсим мешуд. Маркази ҳаёти иҷтимоии Душанбе корвонсарой буд. Дар 14 масҷиди шаҳр мактабҳо амал мекарданд. Душанбе ду мадраса ҳам дошт.
Душанбе он замон ба аморати Бухоро тааллуқ мегирфтв а соли 1920, вақте амири охирини Бухоро Олимхони Манғит ба ҳаминҷо паноҳ овард, вале таҳти фишори ҳамлаи Артиши сурх фиор кард. Моҳи феврали соли 1922 Душанберо босмачиҳо ба раҳбари генерали турк Анвар-пошо тасарруф карданд, вале 14 июли ҳамон сол коммунистҳо дубора парчами Шӯравиро бар фарози шаҳр барафрохтанд.
Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ва соли 1929, баъди мустақил шуданаш аз Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуд. 16 октябри соли 1929, баробар бо эълони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе номи раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталинро доданд ва он то соли 1961 Сталинобод ном дошт.