Русия боз Тоҷикистонро ба Иттиҳоди АвруОсиё даъват кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ озими Русия шуд ва бо раисҷумҳур Владимир Путин мулоқот кард

Сафари расмии президент Раҳмон ба Русия 16-17 апрел сурат гирифт.

Мулоқоти сарони кишварҳо пушти дарҳои пӯшида ҳудуди як соат идома ёфт. Дар натиҷаи сафар 17 созишнома ба имзо расид.

"Мо кӯшиши Тоҷикистонро дар азми барқарор кардани муносиботи наздиктар бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қадр мекунем", - таъкид дошт Путин.

Вай ҳамчунин афзуд, ки барои беҳтар кардани шароити тоҷикистониён дар Русия кишвар корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ гуфт, ки Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон мемонад.

Дар натиҷаи мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба Тоҷикистон даъват кард.

Шарҳи бештарро аз навори 3-дақиқагии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0