Анҷоми тафтишоти куштори Ҳувайдо ва маълум шудани рӯзи маҷлиси додгоҳӣ

© © SputnikИгрушки Вайды
Игрушки Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тафтишоти парвандаи куштори духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ба анҷом расидааст ва ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Дагир Хасавов, вакили хонаводаи Ҳувайдо, духтараки 5-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Серпухови вилояти назди Маскав соли гузашта кушта шуд, хабар дод, ки тафтишоти парвандаи куштори духтараки тоҷик амалан ба анҷом расидааст.

Ба гуфтаи вай, 17 апрел мурофиаи додгоҳии нозири пешини пулис Кузнетсов, ки ба хунукназарӣ муттаҳам мешавад, баргузор шуд, аммо феълан маълум нест, ки қарори додгоҳ содир шудааст ё не.

"Рӯзи гузашта пас аз мурофиаи додгоҳӣ нисбати нозири пешини пулис Кузнетсов, ки хунукназариаш боиси даст ба куштори духтарики тоҷик Ҳувайдо задани муттаҳам Александр Сёмин  шуд, бо падари Ҳувайдо ба шӯъбаи  Кумитаи тафтишотии шаҳри Серпухов рафтем", - менависад вай дар саҳифаи фейсбукиаш.

Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове - Sputnik Тоҷикистон
Таъхири мурофиаи нозири минтақавӣ, ки хунукназарияш бо марги Ҳувайдо анҷомидааст - видео

Хасавов таъйид кардааст, ки Александр Сёмин, муттаҳам ба қатл ва таҷовузи Ҳувайдои хурдакак, феълан дар беморхонаи касалиҳои равонӣ қарор дорад, аммо тафтишоти парванда қариб баъди як соли оғоз,  ба анҷом расидааст.

"Тафтишоти парвандаи қотил ва педофил Сёмин, ки дар беморхонаи рӯҳӣ қарор дорад, амалан ба анҷом расидааст, ва пас аз 22 апрел ба додгоҳ ирсол мешавад", - афзудааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, падари Ҳувайдо - Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки мурофиаи додгоҳии гумонбари қотили Ҳувайдо 27 апрел дар додгоҳи шаҳри Серпухов баргузор мешавад.

Дагир Хасавов - адвакат семьи Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Вакили хонаводаи Ҳувайдо - Хасавов: Сёмин роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад

Хасавов пештар низ гуфта буд, ки Сёмин худро ба девонагӣ зада, дар беморхона қарор дорад. Аммо вакил таъкид бар он кард, ки

Сёмин барои аъмолаш посух хоҳад дод ва барои барқарории адолат дар ин қазия талош хоҳанд кард.

Падари Ҳувайдо Тиллозода, ҷабрдида Абдусалом Саидов низ гуфта буд, ки холаи Сёмин, ки вакили дифоаш низ ҳаст, тамоми кӯшишро барои "халос кардани ҷиянаш" анҷом медиҳад. Ба гуфтаи Саидов, хешовандони муттаҳам ба ӯ барои даст кашидан аз даъвояш маблағи зиёде ҳам пешниҳод карданд, аммо Абдусалом рад кард ва қасдаш танҳо муҷозоти қотили духтари ғӯрамаргаш аст.

Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав 22 июли соли 2018 иттифоқ афтод ва ҷасади ӯро 23-юм пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз ҷавони 28-солаи сокини Серпухов, Александр Сёминро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт намуданд.

Лентаи хабарҳо
0