Раҳмон гуфт, ки агрегати дувуми "Роғун" кай ифтитоҳ мешавад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур ба тоҷикони Маскав аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2018, аз ҷумла ифтитоҳи нерӯгоҳи Роғун гуфт

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо тоҷикистониёни Маскав хабар дод, ки дар Тоҷикистон ифтитоҳи дувумин чархаи нерӯгоҳи Роғун ба кай дар назар аст. Ба гуфтаи Раҳмон, чархаи дувум моҳҳои сентбяр ба кор медарояд.

Раисҷумҳур дар мулоқоти худ таъкид кард, ки мехост аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2018, аз ҷумла ифтитоҳи "Роғун" ёдрас шавад.

"Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон, дар ҳақиқат, соли пешрафтҳои ниҳоят хотирмони таърихӣ буд. Кишвари азизи мо ба сӯйи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, ки таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад, боз як қадами устувор гузошт", - изҳор дошт ӯ.

Ӯ таъкид кард, ки дар бунёди ин нерӯгоҳи бузург саҳми тоҷикони бурунмарзӣ низ калон аст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи тағйирот: таъини сармуҳандиси нав дар “Роғун” ва эълони сабаби барканориҳо

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ифтитоҳи агрегати дувуми нерӯгоҳ дар арафаи ҷашни Истиқлол ба нақша гирфта шудааст.

"Мо ният дорем, ки агрегати дуюми ин сохтмони бузургро соли ҷорӣ – дар арафаи ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода супорем", - гуфт вай.

Боздид аз раванди сохтусози Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур сармуҳандис дар “Роғун”-ро аз вазифа озод кард

Ба гуфтаи президент, дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд гардида, беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ва ба истифода дода шуданд.

Ёдрас мешавем, агрегати аввали "Роғун" 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд ва хабар дода шуда буд, ки дувумин агрегати нерӯгоҳ моҳи апрел ба истифода мерасад.

Аммо пештар эълом гардид, ки ифтитоҳи чарха то мӯҳлати номуайян ба таъхир андохта шуд. Сабабҳои ин иқдоми масъулин низ шарҳ дода намешуд.

Аввалҳои моҳи март хабар дода шуда, ки истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ муваққатан қатъ карда шуд. Сабаби он корҳои профилактикӣ гуфта мешавад. Он вақт, манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки агрегати дувум моҳи апрел ба кор хоҳад даромад.

Лентаи хабарҳо
0