Дар пайи музокироти ҳайатҳои маҳдуд, гуфтушунид дар ҳайатҳои васеъ ва имзои як қатор санадҳо сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кремл, роҳбарони ду кишвар масоили гуногун – аз иҷтимоъ то сиёсат ва иқтисодро баррасӣ карданд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ҳадафи асосии гуфтушунидҳоро идомаи шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ арзёбӣ карда буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмии дурӯза бо як ҳайати бузурги аъзои ҳукуматаш вориди Русия шуд.