ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия аз нахустин мулоқоту шиносоияш бо Путин зикр карда, афзуд, ки шиносоияшон моҳи майи соли 1992 сурат гирифт.
“Ман он замон - вакили одии мардумӣ бо Владимир Владимирович Путин моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе шинос шудам. Он вақт Владимир Владимирович дар Санкт – Петербург дар мақоми ёвари Анатолий Собчак кор мекард”, - овардааст нақли қавли Эмомалӣ Раҳмонро нашрия “Известия”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаст, ки бо Путин муносиботашон муътамаданд ва раисиҷумҳури Русия аз масоилу мушкилоти Тоҷикистону минтақа огоҳ мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмии дурӯза бо як ҳайати бузурги аъзои ҳукуматаш вориди Русия шуд.
Дар назар аст, ки имрӯз 17 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин мулоқот канад. Дар анҷоми мулоқот имзои як қатор санадҳо ба нақша гирифта шудааст.