Додугирифти мол миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Русия 0,5 миллион доллар афзудааст

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки минтақа тайёр аст интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Русия “ду баробар ва ё се баробар” афзояд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Дар натиҷаи афзоиши ҳамкориҳо, доду гирифти мол  миёни вилояти Суғду минтақаҳои гуногуни Русия 500 ҳазор доллар болло рафтааст, ҳангоми баргузори Конфронси 7-ум оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Тоҷикистону Русия изҳор дошт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Аҳмадзода ёдовар шуд, ки дар 5-умин намоиши байналмилалии тиҷории “Суғд-2018” Русия ва Тоҷикистон зиёда аз 30 созишнома барои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумҳурӣ, ба имзо расонида буданд.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и президент Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Хизмат ба муҳоҷирон: Раҳмон гуфт, ки вазифаи аслии сафорату намояндагиҳо дар чист

“Тоҷикистонро зардолуи дорои мазаи нотакрор, гелосу себ, анору ангур, лимую шафтолу, хабузаю тарбуз ва хушкмеваяш машҳур кардаанд. Дар солҳои охир бо супориши раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар маҳсулоти гармхона низ, ба монанди бодиринг, помидор ва сабзавот истеҳсол мешавад”, - гуфтааст Аҳмадзода.

Аҳмадзода қайд кардааст, ки аз рӯи арзиши асли киштукори меваю сабзавот дар ҳудуди Тоҷикистон муфидтар аст нисбати оне, ки дар гармхонаҳои минтақаҳои гуногун Русия ин кор амали карда мешавад.

“Ин соҳа хароҷоти овардани маҳсулотро аз Тоҷикистон ба Русия худ мепӯшонад. Ба ин хотир мо пешниҳод мекунем, ки лоиҳаҳои якҷоя барои киштукор дар зиёда аз 150 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида бо дар назардошти шинонидани меваю сабзавот, барои баровардани ҳоҷати бозорҳои Русия амаллӣ карда шавад”, - гуфтааст Аҳамадзода дар баромадаш.

Вай қайд кардааст, ки вилояти Суғд тайёр аст интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба Русия “ду ва ё се маротиба” афзояд.

Лентаи хабарҳо
0