Аз иқтисод то маориф: Раҳмон бо Медведев мулоқот кард

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ Д. Медведев встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном
Премьер-министр РФ Д. Медведев встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Москав бо раиси Ҳукумати Русия Дмитрий Медведев мулоқот карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Русия манфиатдор ҳастем", - менависад манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав бо зодагони Тоҷикистон мулоқот кард

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Форум России и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои рӯзи аввали Ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷиктону Руссия

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, гуманитарӣ, илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Русия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0