Тоҷикистонро заминларзаи 4,3 баллӣ такон дод

© AFP 2023 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қувваи заминларза 4,3 баллро ташкил дода, заминларза соати 12:55 бо вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Рӯзи сешанбе, 16 апрел дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази заминларзашиносии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон.

Қувваи ларзиши замин  4,3 баллро ташкил дода, соати 12:55 ба қайд гирифта шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, маркази заминларза дар чуқурии 35 км дар 728-километрии ҷануби ғарбии Алмаато ҷойгир аст.

Пештар  31 март низ дар Тоҷикистон ларзиши замин ба қайд гирифта шуда буд. Маркази заминларза дар 725 километрии Алмато ҷойгир шуда, қувваи он дар Тоҷикистон 4,3 баллро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0