БДА рақамҳои зебои силсилаи "РВ"-01-ро ба фурӯш мегузорад

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомобильные номера в Таджикистане, архивное фото
Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "РВ" - 01 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, музояда рӯзи  27 апрел дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 27 апрели соли 2019 аломати сабти давлатии силсилаи "РВ"-01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — омадааст дар эълом.

Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ"-ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи Вазорати умури дохила нашр шудааст.

БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ"-ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

Лентаи хабарҳо
0