Ҳама ба мусобиқаи аспдавонӣ: дар Рӯзи пойтахт пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевСкачки в Душанбе
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе ва Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон дар пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Бахшида  ба ифтихори  Рӯзи пойтахт 20 апрел, соати 14:00, дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор  мегардад, иттилоъ додааст бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок  ва байни ҳам рақобат  хоҳанд кард.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории пойгаи аспдавонӣ дар Душанбе

Манбаъ қайд намудааст, ки мусобиқаи  аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии мақомоти шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки барандагони мусобиқа бо ҷом, диплом,  ифтихорнома ва мукофотҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки 21 апрели   соли гузашта  дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и  шаҳри Душанбе   бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор шуда буд.

 Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон бо беш аз 80 аспи зоти хуби тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Лентаи хабарҳо
0