Сафорати ИМА дар ноҳияи Ванҷ дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ боз кард

Ифтитоҳи дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ
Ифтитоҳи дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими кушодашавии дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ванҷ, намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат намуданд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ ифтитоҳ гардид. 

Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури дохила хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ дар доираи ислоҳоти милитсия ва тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо мардум рӯзи 10-уми апрели соли 2019 боз шудааст.

Рамазон Раҳимзода дар Норак - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ба Норак рафт

Ин сохтмон бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба баҳрабардорӣ расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии дафтари кории Шӯрои ҷамъиятии мазкур кормандони ШВКД дар ноҳияи Ванҷ, намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.

Раҳимзода дар Фурудгоҳи Кӯлоб бинои шуъбачаи милитсия ифтитоҳ кард

Манбаъ афзуда, ки дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаи кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва зӯроварӣ дар оила мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0