ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Абдурашидов ҳангоми кор дар мақоми муовини директори Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Конибодом бо истифода аз мақоми давлатӣ ба заминфурӯшӣ даст задааст.
Манбаъ афзуд, муттаҳам бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз шаҳрванд “А” барои ба номи шаҳрванд “Б” ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,06 гектар аз ҳудуди заминҳои шаҳри Конибодом 63 ҳазор рубл талаб кардааст.
Ба иттилои Ожонс, маблағро Абдурашидов ба воситаи раиси кумитаи маҳаллаи “Наврӯз”-и шаҳри Конибодом Ахмедзода Одил талаб намуда, 4 январи соли 2019 баъди гирифтани маблағи мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир карда шуд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки ҳангоми боздошт маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, алайҳи Абдурашидов барои қаллобӣ, бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, пас аз итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.