ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Узбакистон ва Қазоқистон барпо намудани сулҳро дар қаламрави Афғонистон ва пиёда кардани лоиҳаҳои гуногунро дар ин кишвар яке аз корҳои муҳим хонданд, дар ҷамъбасти мулоқот бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфтааст роҳбари Узбакистон Шавкат Мирзиёев.
Тоқаев рӯзи 14 апрел ба ҳайси президент нахустинбор ба Узбакистон ташриф овард.
“Тарафҳо ҷанбаҳои муҳими ҷоррӣ намудани сулҳ дар Афғонистонро қайд намуда, ҳамчунин пиёда гардонидани лоиҳаҳои иқтисодиро дар ин кишвар муҳим хонданд”, - қайд кардааст Мирзиёев ҳангоми ҷамъбасти гуфтушунидҳо.
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қайд гуфтааст, ки дар ҷараёни гуфтушуниди роҳбари ду давлат, яке аз муҳимот, амали якҷояи кишварҳои минтақа баҳри созиш ва амният дар Осиёи Миёна дониста шуд. Баҳри субботи минтақа пеш аз ҳама бояд ба терроризми байналмилалӣ, ифротгароии диннӣ, маводи мухаддир, ташкили ҷиноятҳои транс-миллӣ муқовимат кард.
Тоқаев ҳам аз мувофиқаи назарҳо ҳарду ҷониб дар мавзӯи обу энергетика дар Осиёи Миёна дар асоси меъёр ва принсипҳои байналмилалӣ изҳори назар кардааст.