ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Коргардони номӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ-Давлат Худоназаров соҳиби ҷоизаи вижаи Мукофоти миллии Қирғизистон дар соҳаи синамо "Ак илбирс" шуд. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар медиҳад.
Худоназаров барои "Саҳми босазо дар кинематографияи ҷаҳонӣ" қадрдонӣ шуд.
Маросими ҷоизасупории "Ак илбирс" 26 апрели соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Мукофоти вижаи ин маросим, аз соли 2015 инҷониб супорида мешавад.
Давлат Худоназаров коргардони советӣ, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ, Ҳунарманди мардумии ҶШС Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 1944 дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст. Модараш муаллими синфҳои ибтидоӣ ва падараш мудири мактаб буданд.
"Ман тоҷикам, тоҷики помириам": Давлат Худоназаров 75-сола шуд
Хатмкардаи факултаи оператории ВГИК, Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимови Маскав мебошад.
Фаъолияташро дар "Тоҷикфилм" оғоз карда, дар соли 1986 котиби аввали Шӯрои кинематографони ИҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз ин пас, фаъолияти сиёсии Худоназаров оғоз мешавад. Ӯ соли 1989 дар интихоботи вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ноҳияи Шуғнон пирӯз мегардад.
Баҳси Давлат Худоназаров дар бораи тоҷик ё помирӣ, вуруди русҳо ба Хоруғу тағйири касб
Тобистони соли 1990 коргардони тоҷикро раиси Федератсияи Иттиҳоди конематографистони СССР интихоб мекунанд.
Худоназаров соли 1971 ба ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ барои филми "Достони Рустам" сазовор дониста шудааст.