ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар бораи пеш аз муҳлат аз вазифа барканор кардани додрасҳои додгоҳи вилояти Ош ва ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек, қарор имзо кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.
Аз вазифа барканор кардани ду додраси додгоҳи вилояти Ош Абдурасул Шамшиев ва Насимбек Мадраимовро Шӯрои интихоби додрасҳо пешниҳод кардааст. Гуфта мешавад, ки онҳо худ истеъфо додаанд.
Эрнис Чоткараев-додраси додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек бошад, барои риоя накардани ахлоқи корӣ аз вазифа сабукдӯш шудааст.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳур қайд карда, ки президент пас аз омӯхтани пешниҳодҳо чунин қарор кардааст.
Пештар Муҳаммадқулий Абилғозиев, нахуствазири Қирғизистон шарҳ дод, ки чаро Қурбонбой Искандаровро аз мақоми намояндаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ озод кард.
Чаро Искандаров фиристодаи Қирғизистон дар масоили марзӣ сабукдӯш шуд
Сарвазир гуфт, ки Искандаров ба далели вайрон кардани ахлоқи касбӣ аз вазифа сабукдӯш шуд. Абилғозиев афзуд, ки Искандаров ба хатогии худ иқор шуд. Ба ҷои ӯ, ба вазифаи фиристодаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ, ду номзад пешбарӣ шудааст ва қарори ниҳоӣ ҳафтаи оянда қабул карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин нишаст суол шуд, кӣ чаро муовини Искандаров, Жениш Талоқов озод нашуд.
Абилғозиев қайд кард, ки то ҳол ягон гуноҳи муовин тасдиқ нашудааст ва дар сурати тасдиқ шудан, албатта чораҷӯӣ хоҳанд кард.
Вале ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон, Искандаров худаш аз ин мақом истеъфо дода, Абилғозиев қарор дар бораи барканории ӯро 9 апрел имзо кардааст.