Чӣ гуна ФСБ ду узви ДОИШ-ро дар Тюмен безарар кард: нақли шоҳидон-видео

© © ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкСотрудники ФСБ России, архивное фото
Сотрудники ФСБ России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Тюмен дар бораи боздошт ва безараргардонии ду узви ДОИШ, ки дар яке аз манзилҳои хусусӣ паноҳ мебурданд, нақл карданд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Мақомоти қудратии Русия дар рафти амалиёти вижа ду узви гурӯҳи тундрави ДОИШ-ро, ки ҳамлаи террористӣ омода мекарданд, безарар намуд.

Шоҳидон, сокинони кӯчаи Амури шаҳри Тюмен дар бораи боздошт ва безараргардонии ду узви ДОИШ, нақл карданд.

"Аввал интиқоли барқ об ва газ қатъ шуд. Моро дар сохтмони литсей ҷамъ карданд. Баъд ба гӯшамон овози тирпарронӣ-як, ду ва дигар паси ҳам, расид",-гуфт дар мусоҳиба бо RT, сокини кӯчаи Амур.

Сотрудники российских спецслужб  - Sputnik Тоҷикистон
Тирпарронии ду узви ДОИШ ва ФСБ дар Русия: террористон кушта шуданд

Соҳиби хона, ки дар он ду узви ДОИШ ба сар мебурданд, манзилро моҳи март ба фурӯш гузоштааст. Ба гуфти ҳамсояҳо ин марди оромтабиат буда, ягон амали каҷ аз ӯ бар наомадааст.

Шоми рӯзи гузашта, кормандони ФСБ аз омода кардани таркиш дар яке аз манзилҳои кӯҷаи Амури Тюмен хабар шудаанд.

Мақомот зимни безараргардонии террористон пешниҳоди таслим кардаанд, вале пайравони гурӯҳи террористӣ дар посух ба пешниҳоди таслим шудан, тир кушодаанд, ки дар пайи тирпарронии ду тараф, теруристон кушта ва безарар гардонида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар пайи амалиёт аз сокинони осоишта нафаре зарар надидааст.

Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудаву мақомот мегӯяд, тафтишот дар ин росто идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0