Хонаи тоҷикиро чӣ гуна месозанд? - Видео

Обуна шудан
Дар бештари деҳаҳои Тоҷикистон то ҳол дар сохтмон аз таҷрибаи гузаштагон истифода мешавад. Асоси бино санг, устухони он чӯб ва хишт аст

Дар навори Sputnik Тоҷикистон санъати хонасозии тоҷиконро тамошо кунед.

Дар бештари деҳаҳои кишвар то ҳол дар бунёди манзил аз таҷрибаи бобову бобокалонҳо истифода мекунанд - асоси бино санг (ҳоло дар бештар ҳолат семент) ва устухони он чӯбу хишт аст.

Тарзи омода кардани хишт ҳам ба ҳар тоҷики деҳотӣ ошно - лойро хуб "мепазонанд" ва дар қалаби махсус меандозанду хушк мекунанд.

Боми бино низ бо чӯб, лой ва хасу хошок иборат аст.

Қисми зеботарини он - пештоқ аст, ки бо чӯби кандакоришуда оро дода мешавад.

Дохили хона дар аксар ҳолат оддӣ - деворҳо рангу бор шуда, токҷевон насб карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0