ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Имрӯз шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани Ниммарафони X байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт қарор ба имзо расонидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.
Дар иттилоия омадааст, ки тартиби баргузорӣ, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти Ниммарафони X байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тасдиқ карда шаванд.
Кумитаи тадорукот 20 апрели соли 2019, соати 9:00 мусобиқаи Ниммарафони X байналмилалии Душанберо мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд.
Ҳамчунин дар қарори шаҳрдор омадааст, ки бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони X байналмилалии Душанбе мутобиқи харҷномаи замимагардида 387 803 (сесаду ҳаштоду ҳафт ҳазору ҳаштсаду се) сомонӣ ҷудо намояд.
Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.