Дар Тошканд рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мегардад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкБабина со старой кинопленкой. Архивное фото
Бабина со старой кинопленкой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми ду рӯз дар пойтахти Узбакистон филмҳои чаҳор коргардони тоҷик ба намоиш гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд,  12 ва 13-уми апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Узбакистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад.

Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри китоби шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар Тошканд

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар доираи рӯзҳои филми тоҷик дар Тошканд филми “Коса”-и Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.

“Рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегирад ва тӯли ду рӯз филмҳои “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов, “Таксӣ”-и Файзуллои Файз,  “Хоби маймун”-и Румӣ Шоазимов ва “Тангно”-и Муҳиддини Музафар намоиш дода мешаванд”, - қайд намудааст манбаъ.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки филми “Тангно” панҷумин филми Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов мебошад ва он аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ” таҳия шудааст.

Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷиканд ва қисман дар шаҳри Москва наворбардорӣ шудааст ва аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекардааст.

Лентаи хабарҳо
0