ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, анҷумани мазкур 13-15 апрел дар шаҳри Лозанна сурат гирифта, ҳадафи он донистани андешаҳои варзишгарон дар бораи рушди ҳаракати олимпӣ мебошад.
“Солҳои охир таваҷҷуҳ ба варзишгарон ва фикру андешаҳои онҳо дар бораи бозиҳои олимпӣ афзуд ва феълан қариб дар ҳамаи федератсияҳои варзишӣ, кумитаҳои миллии олимпӣ, ҳамчунин ташкилотҳои варзишии қитъавӣ комиссияҳои варзишгарон таъсис ёфтаанд, ки дар тасмимгириҳо вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ фаъолона иштирок менамоянд”, - изҳор доштааст Кумитаи миллӣ.
Манбаъ афзуд, яке аз вазифаҳои асосии Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ робитаи доимӣ бо шабакаи ҷаҳонии варзишгарон ва шунидани пешниҳоду мулоҳизоти онҳо мебошад.
Комиссия, ҳамчунин ба варзишгарони хоҳишманд, ки фаъолияти касбии варзишиашонро анҷом медиҳанд, барои идомаи кор дар самтҳои дигар кӯмак мерасонад.