Муҳоҷирон “скинхед”-ро ҳангоми ба куштор даст заданаш дастгир карда, ба пулис супурданд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷирони Осиёи Миёна “скинхед”-қотилеро, ки бо корд ба шаҳрванди Қирғизистон ҳамла кардааст дастгир намуда ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Дар шаҳри Маскав зодагони Осиёи Миёна як “скинхед”-ро, ки ба куштори муҳоҷирон ва дигар шаҳрвандон машғул будааст дастгир намуда, ба кормандони пулис супурдаанд, иттилоъ додааст Идораи тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия.

Старший помощник руководителя управления (по взаимодействию со СМИ) Врадий Ольга Андреевна - Sputnik Тоҷикистон
Врадий: миллат не, сини Ҳувайдо боиси тӯъмаи қотил шуданаш гашт

Ин “Скинхед”-қотил марди 55 сола Александр Голованов будааст. Ӯ чанде пеш як хизматчии давлатии Русия - Карина Вартановаро низ ба ҳалокат расонида будааст. Қотил баъди Вартанова ба ҷони зодаи Қирғизистон ҳамла карда ӯро якчанд корд задааст.

Муҳоҷир бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонга қарор дорад. Муҳоҷирон ӯро ҳангоми ҳамлааш ба зодаи Қирғизистон дастгир кардаанд.

Маълум нест, ки Голованов одамонеро қасди ҷонашон мекардааст мешинохтааст, ё не.

Ҳамчунин муайян шудааст, ки қотил дар қайди ҳаракати “Скинхед”-ҳо будааст ва аз пайи куштори афроди ғайриславянӣ мегаштааст. Ба маълумоти пешакӣ ин мард шояд ба бемории руҳӣ гирифтор бошад.

Ҳоло кормандони пулис дар пайи ҷустуҷӯи дигар ҷиноятҳои ин қотил мебошанд. Ҳангоми пурсиш ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва гуфтааст, ки ҳамин тавр мехостааст "шаҳрро аз бегонагон тоза кунад".

Лентаи хабарҳо
0