СБП дурнамои рушди ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2019 пешгӯӣ кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТабличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ, архивное фото
Табличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сандуқи байналмилалии пул (СБП) гузоришеро ба чоп расонидааст, ки дар он рушди ММД-и Тоҷикистон дар соли 2019 дар ҳаҷми 5,0 дарсад пешгӯӣ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Сандуқи байналмилалии пул (СБП) пешгӯӣ намудааст, ки ММД (маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ) – и Тоҷикистон дар соли равон 5 дарсад ва дар соли 2020 4,5 дарсад рушд хоҳад кард, гуфта шудааст дар гузориши моҳи апрели иқтисоди ҷаҳонӣ "World Economic Outlook".

Представители Международного волютного фонда в Рогуне - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони СБП бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун ошно шуданд

Инчунин тибқи маълумоти СБП дурнамои сатҳи таваррум дар соли равон 6,7 дарсад ва дар соли 2020 6,2 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки СБП рушди иқтисоди ҷаҳонро дар соли равон ба 3,3 дарсад поин овардааст. Қаблан СБП дар бораи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон эълон карда буд.

Роҳбари ҳайати СБП Падамжа Ханделвал зимни мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуда буд, ки дар солҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ беҳтар шудааст.

Вай илова кард, ки СБП ба Тоҷикистон барои ҷалби сармоя кумак хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замони ба тавофуқ  расидани ҳукумати Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул, кумак барои дастгирии буҷаи ҷумҳурӣ қатъ мегардад.

Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замоне, ки ҳукумати кишвар вазъро тағйир надиҳад кумакҳо ба буҷаи Тоҷикистон, қатъ карда мешаванд.

СБП: мақомоти Тоҷикистон бояд аз фишор боло қурби сомонӣ даст кашанд

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши хеш навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши хеш дар бахши амалкарди молӣ шаффофият нишон намедиҳад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақиданд, мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон бо 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар шудааст, ки паёмадҳои ногуворе барои иқтисоди ин ҷумҳурӣ хоҳад дошт.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2019 тасмим дорад ба иқтисоди кишвар дар шакли қарзу грант аз ташкилотҳои байналмилали молиявӣ ва кишварҳои алоҳида  445 миллион доллар ҷалб намояд.

Лентаи хабарҳо
0