ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тавре Додгоҳи низомӣ 9-уми апрел иттилоъ дод, Ғоибназар Сулаймонзода 9-уми октябри соли 2012 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид. Ӯ ба қисми ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ сафарбар гардида, аз 25-уми декабри соли 2012 ба вазифаи командири отделенияи ротаи комендантӣ таъин карда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки Сулаймонзода 26-уми январи соли 2013 барои як шабонарӯз мурахассӣ гирифта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав фирор намудааст.
Додгоҳи низомии Душанбе таъкид кард, ки Сулаймонзода аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш 5 солу 8 моҳу 12 шабонарӯз дур мондааст. Манбаъ илова намуд, ки сарбози фирорӣ 19-уми марти соли 2018 аз ҷониби кормандони милиса дастгир шуда, 8-уми октябри соли 2018 ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Додгоҳ Сулаймонзода Ғоибназари Мирзосалимро бар асоси моддаи 375 қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.