ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тарҷумонеро, ки ӯро дар мулоқот бо нахуствазири Шветсия Стефан Левен ҳамроҳӣ мекард, ислоҳ кард ва барои хатогии роҳдодааш ӯро шӯхиомез "бандит" номид.
Тарҷумон калимаеро аз суханронии раисҷумҳур иваз кард.
Путин ҳангоми изҳороташ дар бораи ҳамкориҳои Русияву Шветсия тоҷирони шведро дӯстони Русия номид, ки ба иқтисоди кишвар 5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Путин на встрече с премьером Швеции назвал шведских бизнесменов друзьями, но переводчик посчитал их партнерами. «Я сказал друзей, а он - партнеры. Бандит» pic.twitter.com/TJQkhPsuDP
— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) 9 апреля 2019 г.
Аммо тарҷумон калимаи "дӯст"-ро ба калимаи "ҳамкор" иваз кардааст.
"Ман "дӯстон" гуфтам, ӯ "ҳамкорон" тарҷума кард. "Бандит"-и тайёр", - таъкид кард Путин шӯхиомез.
Вай афзуд, ки тамоми сармоягузоронро - ширкатҳои шведиро, ки дар Русия шумораи онҳо бештар аз 500-то аст, Русия дӯст мешуморад.