ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Турсунзода марди 28-солаи, сокини ҳамин шаҳрро дастгир намуданд, ки дар дуздидани гушворҳои тиллои духтари ноболиғ айбдор мешавад.
Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода зани 64-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми апрели соли равон, тахминан соати 15:30-дақиқа, “Руслан” ном шахс дар даромадгоҳи бинои истиқоматиашон бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои набераи ноболиғи 12-солааш гушвораҳои тиллоиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ахиран марди 28-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир нисбати марди номбурда тафтишот идома дорад.