ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро огоҳ кардааст, ки аз 10 апрели соли равон ҳаракати тролейбусҳо дар хатсайри рақами №12 муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад.
“Сабаби муваққатан қатъ гардидани ҳаракати тролейбусҳоро дар ин хатсайр, ин корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе мебошад”, - қайд намудааст дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш намудааст, ки муваққатан ба ҷои троллейбусҳо дар хатсайри №12 аз хизматрасонии автобусҳо бо рақами хатсайри №12 истифода намоянд.