Вазорат барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад: маош аз 978 сомонӣ

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПапка с документами
Папка с документами  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ишғоли 6 мансаби холӣ озмун эълон кардааст. Маоши кормандон аз 978 то 2393 сомонӣ муайян карда шудааст

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон кардааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти ниҳод, озмун барои ишғоли мансаби сардори раёсати табъу нашр ва матбуот, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста, мутахассиси пешбари раёсати санъат, мутахассиси пешбари раёсати табъу нашр ва матубот ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ эълон гардидааст.

Сдача ЕГЭ , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмун барои таҳсил, иқомат ва табобати ройгони дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Озарбойҷон

Давталабон барои ишғоли мансабисардори раёсати табъу нашр ва матбуот бояд дорои маълумоти олӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират дошта бошанд.

"Маоши мансабӣ 2392 сомонӣ 20 дирам", - менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, талабот барои дигар довталабон низ аз маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ иборат буда, маош барои сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ - 1609 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста – 1 200 сомонӣ ва барои мутахассисони пешбар - 978 сомонӣ муайян карда шудааст.

Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рўи ихтисос зарур гуфта мешавад.

Хоҳишмандон санадҳояшонро метавонанд ба нишонаи 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 34, тел. 223-19-71 ва 221-04-23 сайти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон www.vfarhang.tj ирсол кунанд.

Лентаи хабарҳо
0